Фардо 28 январи соли 2024 дар “Боғи фарҳангию фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ”-и шаҳри Душанбе “Иди Сада баргузор мегардад. Дар ин бора радиои “Овози тоҷик” дар истинод ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
“Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон омада
дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, №АП-470 оид ба таҷлили “Иди Сада ва баргузории намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироатҳои кишоварзӣ” масъул буда, тасмим гирифтааст, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо санаи 28 январи соли 2024 дар “Боғи фарҳангию фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ”-и шаҳри Душанбе “Иди Сада ва баргузории намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироатҳои кишоварзӣ”-ро баргузор намояд”- омад аст дар хабарномаи вазорати мазкур.
Дар ин ҷашни пуршукӯҳ сокиноу меҳмонон ва дигар шахсони расмӣ иштирок хоҳанд кард.