Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо Сафири навтаъйини Фаронса дар Тоҷикистон хонум Элза Пинёл, атташе оид ба масъалаҳои фарҳангӣ Жули Оффре-Карю мулоқот кард. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик” дар истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хонум Элза Пиниёлро барои таъйин шудан ҳамчун сафири Фаронса дар Тоҷикистон табрик намуда, изҳор дошт, ки ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистон, хусусан Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ бо муасссисаҳои илмии Фаронса густариш дода мешавад.
Сипас президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба сохтор, самтҳои фаъолият, имконияту зарфияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти мухтасар дод.
Ҷонибҳо изҳори умед намуданд, ки минбаъд низ робитаҳои илмию техникӣ байни ду давлати дӯст – Тоҷикистон ва Фаронса беш аз пеш густариш ва таҳким меёбанд.