Дар ҳошияи сафари корӣ ба вилояти Эскишеҳир вохӯрии cафир А. Гулов бо раиси Палатаи савдои вилояти мазкур Метин Гулер баргузор гардид.
Ҷонибҳо вобаста ба имкониятҳои тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, алалхусус саноати кӯҳӣ, мошинсозӣ ва нассоҷӣ ибрози назар намуданд.
Дар доираи вохӯриҳо ба иштирокчиён рӯнамо ва наворҳои ҷолиб оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт манзур карда шуд.