Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов бо роҳбари Кумитаи фарҳанг ва кор бо ВАО-и Бундестаги Олмон Катрин Будде мулоқот анҷом дод.
Зимни суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои гуманитарӣ, илмиву фарҳангӣ, инчунин танзими чорабиниҳои муштарак дар кишварҳои ҳамдигар ҷиҳати муаррифии ҳарчи бештари фарҳанги ҳарду миллатҳо мубодилаи афкор карданд.