Дар Тошканд даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор шуд. Ҳайатҳои ҷонибҳоро муовинони вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Раҳматулло Нуримбетов роҳбарӣ карданд. Дар ин бора ВКХ хабар медиҳад.
Дар рафти машваратҳо масъалаҳои марбут ба ҳолати муколамаи сиёсӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин табодули афкор атрофи ҳамкории Душанбе ва Тошканд дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ сурат гирифт.
Дар рафти чорабинӣ таваҷҷуҳи махсус ба омода кардани қисмати муҳтавоии тамосҳои дарпешистода дар сатҳи олӣ ва баланд зоҳир карда шуд.
Дар ҳошияи сафар вохӯрии Содиқ Имомӣ бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов ва машваратҳо дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохторӣ оид ба ташхиси заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳо доир гардиданд.
Машваратҳо дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ки хоси муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳамкории ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад, баргузор гардид.