Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо директори генералии Созмони байналмилалии муҳоҷрат хонум Эми Поуп мулоқот кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо, алалхусус амалишавии лоиҳаҳои дуҷонибаро миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор доданд.