Бо ибрози қаноатмандӣ метавон қайд кард, ки муносибатҳо бо Эрон сол то сол тамоюли рушди устувор ва афзоишёбандаро касб кардааст.
Бешубҳа, сафари расмии Президенти Эрон ба Тоҷикистон дар соли сипаришуда (8 ноябр) ба раванди ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба такони нав бахшид. Зимни мулоқоти сарони ду давлат дар фазои ҳусни эътимоду тафоҳум доираи васеи масъалаҳои муҳимми ҳамкориҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд ва аз натичаи музокирот 19 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Робитаҳои фаъоли сиёси миёни ду давлат ҳамчунин дар ҳошияи чорабиниҳои бисёрҷониба идома ёфтанд. Аз ҷумла, вохӯриҳо дар сатҳи оли 19 сентябр дар Ню Йорк ва миёни вазирони корҳои хоричии Точикистону Эрон 13 апрел дар Самарқанд, ки фарогири муҳокимаи ҳамаи ҷанбаҳои муносибатҳои дуҷониба буд, намунаи возеҳи ин гуфтаҳост.
Қобили қайд аст, ки соли гузашта ба мақсади омодагии ҳамаҷониба ба сафари расмӣ, инчунин ҷиҳати табодули таҷриба, боздиди ҳайатҳои кории Тоҷикистону Эрон аз кишварҳои якдигар сурат гирифта, масоили вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодию гуманитарӣ, авиатсияи гражданӣ ва мудофиа мавриди барраси қарор дода шуданд.