Соли гузашта аз Сурия ва Ироқ 104 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан баргардонида шуданд. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт.
Ба иттилои вазир» Онҳо аз хаймаҳои Алкаҷ ва Алшарф ба ватан баргардонида шуданд ва ҳоло раванди барқароршавии онҳо идома дорад. Ҳамчунин рӯзҳои наздик сафари сафири Тоҷикистон ба Ироқ дар назар аст, ки ҳадафи он мутталеъ шудан аз вазъи занони дар Ироқ буда мебошад, мо ҳавасмандем, ки ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистонӣ, ки дар кишварҳои Сурия ва Ироқ қарор доранд ба ватан баргардонида шаванд.»-Гуфт вазир