Имрӯз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бо мақсади ҳамовозӣ ва ҷонибдории ҷавонону варзишгарон ва сокинони касбу кори гуногуни пойтахт оид ба пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) , Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба эълони «Рӯзи ҷаҳонии футбол» тариқи қабули қатьномаи махсус аз ҷониби Маҷмааи умумии СММ бо ҷалби наздик ба 10 ҳазор нафар дар назди Шаршараи Муассисаи давлатии Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе ҳамоиш ва роҳпаймоии ҷавонон ва варзишгарон баргузор шуд. Дар ин бора Тахмина Амониён хабарнигории радиои «Овози тоҷик» хабар медиҳад.
Ба иттилои хабарнигор дар ифтитоҳи ҳамоиш Дилбар Одилзода муовини раиси шаҳри Душанбе ,бо суханони ифтитоҳӣ иштирокдорони чорабиниро барои ташвиқи ин ташаббуси сатҳи ҷаҳонӣ хайрамақдам гуфта, ин пешниҳодро яке аз дигар ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон қаламдод кард.