29 феврали соли 2024 дар ҳошияи Форуми дипломатии Анталия мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои туркиаш Ҳакан Фидан баргузор гардид. Дар ин бора аз ВКХ хабар доданд.
Сараввал С. Муҳриддин вазири корҳои хориҷии Туркияро барои дар сатҳи баланд ташкил намудани форум табрик гуфт.
Сипас ҷонибҳо раванди густариши муносибатҳои дуҷониба, алалхусус дар самтҳои сиёсӣ, амниятӣ, маориф ва иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон доир ба масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.