Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов бо як сафари кории дурӯза ба Душанбе меояд. Дар ин бора ба радиои “Овози тоҷик” дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилоъи манбаъ дар назар аст, ки дар ин сафар Абдулло Орипов аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пазируфта шавад.
Ҳамчунон дидори Сарвазири кишвари ҳамсоя бо ҳамтои Тоҷикистонии худ Қоҳир Расулзода дар мулоқоти дуҷониба ва бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар дар назар аст.
Дар фарҷоми сафар имзои чанд ҳуҷҷат низ дар назар дошта шудааст.