Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ангола (бо қароргоҳ дар шаҳри Москва) Аугусто да Силва Кунҳаро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома қабул намуд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар намуданд.
Муовини вазири корҳои хориҷӣ сафири Ҷумҳурии Анголаро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик карда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.