16 марти соли 2024 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон вохӯрӣ бо ҳамватанони бурунмарзии муқими шаҳри Ашқобод баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ аз ҷониби сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо роҷеъ ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 9 марти соли 2024 ироа гардиданд, шарҳу тавзеҳот дода шуд.