Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат ба мақоми Президенти Шурои иҷроияи ЮНИСЕФ барои соли 2025 интихоб шуl
Бояд қайд намуд, ки Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ аз 36 аъзо (президент ва чор муовинон) иборат буда, фаъолияти ЮНИСЕФ-ро назорат ва арзёбӣ мекунад.
Бюро ҳамчун ҳамоҳангсоз байни котиботи ЮНИСЕФ ва гурӯҳҳои минтақавӣ амал намуда, ба масъалаҳои маъмурӣ, функсионалӣ тамаркуз мекунад. Он раванди гуфтушунидҳои қабули қарорҳо дар давоми ҷаласаҳо барои баланд бардоштани самаранокии Шурои иҷроияи мусоидат мекунад.