Агентии содирот дар соли 2024 гардиши савдои хориҷиро ба таври назаррас рушд дода, ба 8955 млн долар расонидаст, ки нисбат ба соли 2023-юм 7,5 фоиз ё 626, 1 млн долар зиёд мебошад. Агентии содирот ташрифи ҳайъати бонуфузи соҳибкорони Озарбойҷонро ба Тоҷикистон ташкил намуда, мулоқоти меҳмононро бо роҳбарияти вилояти Хатлон ва бахшҳои хусусии вилоят танзим намуда, онҳоро бо имкониятҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳо, анборхонаҳо, сардхонаҳо ва маҳсулоти кишоварзии ин минтақа шинос намудааст.
Бо мақсади коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураҳои табиӣ дар мавзеъҳои ҷойгиршавии боғу токзорҳо, инчунин, минтақаҳои парвариши сабзавотҳо , кам кардани талафоти ҳосили ғундоштаи маҳсулоти зикршуда Агентии содирот бо шарикони бонуфӯзи кишвари Австрия ҷиҳати ба ҳудуди Тоҷикистон ворид намудани корхонаҳои сайёраи истеҳсолӣ, ки айни ҳол дар кишвар ҳамто надорад, корбарӣ дорад.