
Тоҷикистон имсол низ мизбони як ҳамоиши байнулмилалӣ дар охирҳои моҳи ҷорӣ мешавад. Аз 29 то 31 май дар Кохи Сомон конфронси байнулмилалии ҳифзи пиряхҳо бо ҳузури беш аз 150 кишвари ҷаҳон баргузор хоҳад шуд.
Дар ин ҳамоиш 8 форум ва 17 чорабинии дигар пешбинӣ шудааст. Анҷуманҳо қабл аз ифтитоҳи конфронс баргузор шуда, ҷалби бахши хусусӣ, аҳли илм, занон, ҷавонон, мардуми бумӣ, олимон, бахши хусусӣ ва дигаронро дар татбиқи қарорҳо дар робита ба ҳифзи пиряхҳо, амалҳо ва мушорикат дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ ва ҷаҳонӣ таъмин хоҳанд кард.
Ҳадафи ин конфронс тақвияти сатҳи огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз аҳамияти пиряхҳо ва ҷилавгирӣ аз об шудани сареъи онҳо ва кумак ба талошҳои ҷаҳонӣ барои ҳалли ин мушкилот ва таъсири густардаи он тавассути иқдомоти муштарак, навовариҳои илмӣ ва иқдомоти ҳамоҳангшудаи сиёсӣ арзёбӣ шудааст.
Намояндагон созмонҳои мухталифи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ, кишварҳои гуногун, расонаҳои дохиливу хориҷӣ ва соири меҳмонони хориҷӣ дар ин ҳамоиши сатҳи боло ширкат хоҳанд кард.