Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо ва Сарвазири Покистон ба ифтихори иди саиди Қурбон мубодилаи табрикот намуданд.
Дар ин зимн Пешвои миллат ба муҳтарам Шаҳбоз Шариф таманниёти сиҳатмандии комилу комёбиҳои навин, ба тамоми мардуми дӯсти Покистон сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии пойдор орзу намуданд.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ба ҳолати ҷории муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон баҳои баланд доданд. Ҳамчунин, алоқаманди ду ҷониб ба пешбурди ин муносибатҳо дар рӯҳияи шарикии стратегӣ таъкид гардид.



