
Имрӯз, 13 июн дар шаҳри Душанбе Форуми байналмиллалӣ дар мавзуи «Нақши такмили ихтисоси омӯзгорон дар ҷомеаи муосир: тамоюл, таҷриба ва имкониятҳо» ба кори худ оғоз кард, ки дар он Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар, роҳбарону намояндагони муассисаҳои такмили ихтисоси Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Британияи Кабир, донишгоҳу донишкадаҳои дохил ва хориҷи кишвар ва шарикони рушд ширкат доранд.
Дар форум аҳамияти такмили ихтисоси омӯзгорон дар рушди маорифи муосир, мубодилаи таҷрибаи ватанӣ ва байналмиллалӣ дар самти рушди маҳорати касбии омӯзгорон, ҷустуҷӯи имкониятҳои нав, равандҳои омодасозии омӯзгорон вобаста ба талаботи замони муосир ва бозори меҳнат баррасӣ гардида, бобати нақши таҳсилоти рақамӣ дар такмили ихтисоси омӯзгорон низ таъкид шуд.