
1 июли соли 2025 гуфтугӯи телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Эрон Аббос Ароқчӣ баргузор гардид.
Дар рафти сӯҳбат, ки бо ташаббуси ҷониби эронӣ доир шуд, тарафҳо маҷмӯи масъалаҳои робитаҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистону Эрон атрофи вазъи кунунии минтақаи Ховари Миёна табодули назар карданд.
Сироҷиддин Муҳриддин бори дигар мавқеи устувори Тоҷикистонро вобаста ба ҳаводиси ахир иброз намуд.