
Ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Қарори дахлдор 11 июли соли 2025 зимни иҷлоси 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж қабул гардид.
Ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали Қадим 5-умин мавзеи Тоҷикистон ҳамчун мероси ҷаҳонӣ муаррифӣ шудааст.
Номинаи мазкур 11 ёдгориҳои бостоншиносӣ ва меъмории воқеъ дар ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлонро дар бар мегирад: Дайри Буддоии Аҷинатеппа, Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратепа, Қалъаи Золи Зард, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа), Шаҳристони Золи Зар, Корвонсаройи Тоҳир, Шаҳртеппа ва Дайри Буддоии Хишттеппа. Яке аз мавзеҳои асосии номинаи мазкур маҷмааи бостоншиносии “Қалъаи Хулбук” – пасмондаҳои қасри пойтахти Хуттали Қадим, ки мероси он ба шарофати маҷмуаи чораҳои андешидашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳё гардид, нақши махсус дорад.
Тибқи гузориши ЮНЕСКО, ин ёдгориҳо фарҳанги гуногунҷанбаи Хуттали Қадим, як давлати мустақили асримиёнагиро нишон медиҳанд, ки аз асрҳои 7 то 16-и мелодӣ дар қаламрави вилояти Хатлон шукуфоӣ доштаанд. Ин давлат хамчун маркази фаъоли истеҳсолии Рохи бузурги Абрешим ба мубодилаи арзишхои фархангии минтакавӣ низ таъсири калон расонидааст.
Пешбарии номинаи “Хуттали Қадим” аз соли 2023 инҷониб бо талошҳои муштараки мутахассисони Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО-и Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон амалӣ шудааст.