
15 сентябр Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулу дар доираи сафари расмии худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони эҳтиром ба таърихи давлатдорӣ ва фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.
Дар ин маросим меҳмони олиқадрро намояндагони расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамроҳӣ карданд.