«Муҳтарам ҷаноби Президент,
Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани шумораи зиёди одамон бар асари боришоту обхезиҳои шадид дар кишвари дӯсти Шри-Ланка боиси андуҳи гарони мо гардид.
Вобаста ба ин мусибати сангин ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро ба Шумо, пайвандону наздикони қурбоншудагон ва тамоми мардуми дӯсти Шри-Ланка изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам»



