Юсуф Раҳмон, котиби Шурои амнияти кишвар бо сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Го Ҷитсзюн дар Тоҷикистон имрӯз гуфтугӯ кард. Дар доираи вохӯрӣ самтҳои аслии ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо ҳамчунин зарурати тавсеаи равобити тарафайнро дар самти пешгирии таҳдидҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла тероризм, экстремизм ва ҷиноятҳои киберӣ ва ғайра таъкид намуданд. Дар идомаи муколама густариши бештари ҳамкориҳои дуҷониба баҳри таъмини амнияти минтақа баррасӣ шуданд.



