Тавре қаблан иттилоъ додем, ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан (CSW-70), ки аз 9 то 19 март дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор мегардад, иштирок дорад.
Тавре аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд, дар доираи ин ҷаласа аз ҷониби намояндагиҳои доимии Тоҷикистон ва Кения дар ҳамкорӣ бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ва «UN-Habitat» таҳти унвони «Ҳуқуқи занон барои мудирияти замин ва захираҳои табиӣ» ҳамоиши канорӣ баргузор гардид.
Зимни ҳамоиш Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода оид ба кӯшишҳои Тоҷикистон дар самти пешбурди баробарии гендерӣ дар дастрасӣ ба замин ва захираҳои табиӣ сухан гуфт. Ҳамзамон иброз дошт, ки занон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва устувории ҷомеаҳои деҳот нақши муҳим доранд.
«Низоми ҳуқуқии Тоҷикистон, аз ҷумла Конститутсия, Кодекси замин ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ» ҳуқуқҳои баробари занон ва мардонро барои гирифтани қитъаҳои замин, истифода ва ба мерос гирифтани онҳо кафолат медиҳад», – изҳор дошт Бунафша Файзиддинзода.
Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокчиён доир ба таҳкими раванди мудирияти марбутаи замин, пешбурди рақамикунонӣ ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ барои пешбурди ҳуқуқҳои дахлдори занон мутобиқи Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор табодули назар намуданд.
АМИТ «Ховар» АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид




