12 март Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ (СУО) Ко Баррет мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, ҷонибҳо доир ба масоили идораи захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва криосфера, инчунин ташаббусҳои миллии Тоҷикистон дар самти об ва ҳифзи пиряхҳо табодули афкор карданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба иштироки Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ дар чорумин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи «Об барои рушди устувор» 2018–2028, ки аз 25 то 28 майи 2026 дар Душанбе баргузор мешавад, равона гардид.
АМИТ «Ховар»



