Имрӯз дар ноҳияи Муминободи вилояти Хатлон ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва дар фазои идона таҷлил гардид.
Ҷашн бо барномаҳои рангини фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва расму ойинҳои қадимаи наврӯзӣ оғоз ёфта, таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба худ ҷалб намуд.
Дар доираи тантанаҳо гӯшаҳои ҳунармандӣ ташкил гардида, устоҳои маҳаллӣ намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла чакандӯзӣ, қолинбофӣ ва кулолгариро ба намоиш гузоштанд. Ҳамзамон, дастархонҳои идона бо хӯрокҳои миллӣ, аз қабили суманак, ош ва дигар анвои таомҳои суннатӣ ороста шудаанд.
Барномаи фарҳангии идона фазои ҷашнро боз ҳам шукуҳманд гардонид.
Боиси зикр аст, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат, рамзи сулҳу дӯстӣ ва ваҳдати мардумон маҳсуб ёфта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бо тантанаи хоса таҷлил мегардад. Тибқи таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Наврӯз ойинаи таъриху фарҳанги ғании миллати тоҷик буда, ба таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳёи анъанаҳои неки ниёгон мусоидат менамояд.
Шарофиддин Каримов
Садои Душанбе



