Дар Тоҷикистон барномаи бузурги шинонидани 2 миллиард дарахт дар доираи стратегияи кабудизоркунии ҷумҳурӣ то соли 2040 амалӣ мегардад. Дар ин бора раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баходур Шерализода зимни суханронӣ дар Саммити минтақавии экологии 2026, ки дар шаҳри Астанаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мешавад, изҳор дошт.
Бояд зикр кард, ки ин иқдом танҳо ба кабудизоркунии кишвар равона нашуда, балки ба барқарорсозии гуногунии биологӣ, мубориза бо биёбоншавӣ ва таназзули хок низ нигаронида шудааст.
Барномаи шабеҳ дар Ҷумҳурии Қазоқистон низ амалӣ мегардад. Ба гуфтаи вазири экология ва захираҳои табиии ин кишвар Ерлан Нисанбаев, дар Қазоқистон низ шинонидани 2 миллиард дарахт ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз тақрибан 1 миллиарду 200 миллион ниҳол шинонда шудааст.
Фариддун Мукими,
радиои «Овози тоҷик»
Қазоқистон — Астана.



