30 апрели соли 2026 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сано Бойзода бо ҳайати Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (SECO) ва Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ (SDC) баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба вазъи кунунии ҳамкориҳои ду кишвар табодули назар намуда, имкониятҳои густариши минбаъдаи онҳоро дар бахшҳои гуногун баррасӣ карданд.



