Армида Салсия, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва дабири иҷрои Комиссиюни СММ дар Осиё ва Уқёнусия бо як ҳайъати расмӣ ба манзури ширкат дар чаҳорумин конфронси оби Душанбе имшаб, чанд лаҳза пеш вориди Душанбе шуд. Ёдовар мншавем, ки бо шумули ин ҳайъат, наздик ба 20 нафар аз созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақаӣ ва кишварҳои мухталиф дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ташриф оварданд.
Ҳайати воломақоми ин кишварҳо ва созмонҳо, аз ҷумла раиси донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид, намояндаи Иттиҳодияи Урупо дар умури Осиёи Марказӣ, намояндаи додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ва дигар ниҳодҳои ҷаҳонӣ аз сӯи мақомоти расмии Тоҷикистон мавриди пазироӣ қарор гирифтанд.
Интизор меравад, ки то бомдоди имрӯз бахши дигари меҳмонони хориҷӣ ба мақсади ширкат дар ин ҳамоиши байналмилалӣ вориди Душанбе хоҳанд шуд.
Бар асоси барномаи конфронс, аз рӯзи 25 то 28 май форумҳои ҷудогона ва барномаи аслии ин ҳамоиш баргузор хоҳад шуд. Ин чаҳорумин конфронси сатҳи баланд дар заминаи об дар чорчӯби «Раванди оби Душанбе» мебошад, ки бо ибтикори Тоҷикистон барпо мешавад.
Бар пояи иттилооти расмӣ, се санади аслӣ ва дигар қарордодҳои марбута ба тасвиб хоҳад расид.
Бахтовари Шарифӣ, Раҳматуллои Одина
радиои «Овози тоҷик»



