Дар вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон форуми «Тақвияти амалиёти об тавассути ҳамкориҳои ҷануб-ҷануб ва сеҷониба» оғоз шуд.
Дар ин форум масоили марбут ба сатҳи ҳамкориҳо байни кишварҳои дар ҳоли тавсеъа дар заминаи обу иқлим ва шарикӣ барои иқдомҳои роҳбурдӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин ҳамоиш Абдураҳмон Абдраҳмонзода, вазири рушд иқтисод ва савдо суханронӣ кард ва дар бораи «саҳми фаъоли Тоҷикистон дар ростои тақвияти ҳамкориҳо» миёни кишварҳои ҷануб-ҷануб гуфт.
Дар ин форум шуморе аз ширкаткунандагон аз дафтари ҳамкориҳои ҷануб-ҷануби Созмони Милали Муттаҳид, фиристодаи вижаи дабири кулли СММ дар умури об ва пажӯҳишгоҳҳои марбута ҳузур доранд.



