11-уми июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шурои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Неругоҳи барқи обии Роғун» Қоҳир Расулзода маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъият баргузор гардид.
Дар маҷлис аъзои Шурои нозирон, аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сохтмон ва ба истифода супурдани иқтидорҳои Неругоҳ, котиботи Шурои нозирон, саҳмдорон ва роҳбарони вазорату идораҳо иштирок намуданд. Мувофиқи рӯзномаи маҷлис 9 масъала, аз ҷумла ҳисоботи директори генералии ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» оид ба фаъолияти Ҷамъият дар соли 2025, масъалаи зиёд кардани сармояи оинномавӣ, ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ, хулосаи аудиторӣ барои соли 2025, интихоби аъзои Шурои нозирон, комиссияҳои тафтишотӣ ва баҳисобгирии ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Қоҳир Расулзода иброз намуд, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» маҳз бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида истодааст. Саҳми Пешвои миллат дар эҳё ва сохтмони Неругоҳ таърихӣ ва сарнавиштсоз буда, маҳз бо ташаббус ва кӯшишҳои пайвастаи ӯ ин иншооти азим ба «Кохи нури миллат» ва рамзи истиқлоли энергетикии Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Дар идомаи маҷлис зикр шуд, ки бунёдгарони НБО «Роғун» соли 2025-ро бо дастовардҳои назаррас ва таърихӣ ҷамъбаст карданд. Яке аз дастовардҳои муҳими соли сипаришуда оғози корҳои сохтмонӣ ва иҷрои онҳо то тамғаи 1116 метр аз сатҳи баҳр дар минтақаи ядрои сарбанди асосӣ мебошад. Амалӣ гардидани корҳои мазкур имкон дод, ки сатҳи оби обанбори НБО «Роғун» то тамғаи 1100 метр аз сатҳи баҳр пур карда шавад.
Бо назардошти баланд шудани сатҳи оби обанбори НБО «Роғун» дар соли 2025 истеҳсоли қувваи барқ низ нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд гардида, барои расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат – таъмини истиқлоли комили энергетикӣ қадами муҳим гузошта шуд.
Тавре иттилоъ доданд, соли гузашта истеҳсоли қувваи барқ дар Неругоҳ беш аз 1,6 миллиард килловат/соатро ташкил кард, ки нисбат ба соли 2024-ум 400 миллион килловат/соат зиёд мебошад.
Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ ва дар ин замина таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконоту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан манбаъҳои рушди “энергияи сабз”, мунтазам чораҷӯйӣ намуда, барои сари вақт маблағгузорӣ кардани сохтмони НБО “Роғун” бо як қатор созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд ҳамкориҳои судмандро ҷиҳати ҷалби маблағҳои имтиёзнок ба роҳ мондааст.
Гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар буҷети давлатӣ барои сохтмони НБО “Роғун” маблағҳои заруриро пешбинӣ менамояд. Танҳо соли сипаришуда барои идомаи корҳои сохтмонии Неругоҳ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 8,2 миллиард сомонӣ равона гардид.
Дар идомаи маҷлис ҳайати Шурои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Неругоҳи барқи обии Роғун” 13 ва комиссияи тафтишотии Ҷамъият 5 нафар тасдиқ шуданд.
Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда дар маҷлис қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
ПД



