Имрӯз дар Китобхонаи миллӣ Конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар: иҷроиш, равандҳо ва мушкилот» баргузор гардид.
Ҳамоишро директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ ифтитоҳ намуда, аз аҳамияти рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар ёдовар шуд.
Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки ҳадафи чоруми стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон — саноатикунонии босуръати кишвар ба рушди истеҳсолот, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат равона шудааст.
Дар конфронс намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, олимон ва коршиносон иштирок намуда, нақши илм, маориф ва технологияро дар рушди соҳаи саноат муҳим арзёбӣ карданд. Иштирокчиён ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба истифодаи дастовардҳои илмӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисос ва ҷорӣ намудани технологияҳои навро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар анҷоми чорабинӣ миёни иштирокдорон вобаста ба роҳҳои татбиқи самараноки ҳадафи чоруми стратегии кишвар, дастовардҳо ва мушкилоти мавҷуда мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ба гуфтаи иштирокчиён, рушди илм ва технология яке аз омилҳои калидии расидан ба саноатикунонии босуръат ва таъмини рушди устувори иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дилнозаи Абдумалик, радиои «Овози тоҷик»



