23 июни соли 2026 дар толори Маркази касбомӯзии ноҳияи Восеъ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ конференсия дар мавзӯи «Ваҳдат — омили пойдевории миллат» баргузор гардидааст.
Ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ,чорабинии мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гиромидошти арзишҳои муқаддаси миллӣ, таҳлилу баррасии нақши таърихии сулҳу ваҳдат дар таҳкими давлатдории миллӣ, тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ роҳандозӣ гардид.
Дар конференсияи мазкур сармутахассиси шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон — Самадзода Саёҳат, иҷрокунандаи вазифаи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ — Мирзоев Сафаралӣ, муовини раиси ноҳия — Мирзозода Фаридун, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Восеъ — Халифазода Ҷовидон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия — Орифзода Сомон, роҳбарони якчанд ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия, кормандони масъули ҳизбӣ, ҷавонон ва аъзоёни фаъоли ҲХДТ иштирок намуданд.
Зимни баргузории конференсия иштирокчиён вобаста ба аҳамияти таърихии Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, нақши созанда ва роҳнамои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва таъмини рушди устувори кишвар андешаронӣ намуданд.
Дар маърӯзаҳо таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик ҳамчун омили муҳими ҳифзи истиқлолият, пойдории давлат ва пешрафти ҷомеа нақши калидӣ дорад. Дар идомаи баромадҳо таъкид карда шуд, ки ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои истиқлолият ва саҳмгузорӣ дар ободиву рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад.



