Дар нимсолаи аввали соли 2026 беш аз 300 муассисаи таълимӣ аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронида шуданд.
Дар нимсолаи аввали соли 2026 Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 307 муассисаи таҳсилоти умумиро аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронид. Дар ин бора директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоҳир зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра 611 муассисаи таълимӣ аз аттестатсияи давлатӣ гузашта, сифати таълим дар 240 муассисаи таълимӣ мавриди арзёбӣ қарор гирифт. Ҳамчунин 101 муассисаи таълимӣ аз ҷониби шуъбаҳои минтақавии Агентӣ иҷозатнома гирифтанд.
Зикр гардид, ки дар шаш моҳи аввали соли 2026 ба Агентӣ 456 муроҷиат ворид гардида, аксари онҳо ба масъалаи эътироф ва муайян намудани баробарии ҳуҷҷатҳои таҳсилоти хориҷӣ марбут будаанд.
Моҳираи Иброҳим, Радиои бурунмарзии «Овози тоҷик».



