Имрӯз дар бинои Парлумони Тоҷикистон дар фазои идона ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии китобҳои ҷашнии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон», «Бозгашти қаҳрамон 2» баргузор шуд.
Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, Раиси итттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, шоирони халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам ва Назрӣ Яздонӣ, нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, вакилони Маҷлиси намояндагон, дигар шахсиятҳои расмӣ ва кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ Мавсума Муинӣ зикр намуд, ки таҳия ва нашри китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» нишон медиҳад, ки “Ҷумҳурият” дар баробари тарғиби сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, арзишҳои бебаҳои сулҳу ваҳдати миллӣ, эҳё ва шаклгирии низоми муосири давлатдорӣ, ҳамчунин, дар камолоти фикрии ҷомеа, бедорию худогоҳии миллӣ ба унвони дастгоҳи пурқуввати идеологӣ хидмат мекунад.
Чопу ба дасти хонанда супурдани китобҳои болозикр дар Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид, ташаббуси огоҳонаест, ки ҳадафҳои пешбинишуда дар доираи ин солро амалан пайгирӣ менамояд.
Тайи даҳ соли охир аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба хоири рушди таъриху тамаддуни миллӣ ва ҳамзамон муаррифии шоистаи хидматҳои мондагори фарзонафарзандони миллат 14 озмуни ҷумҳуриявию байналмилалиро баргузор намудааст. Китоби «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ» доир ба хидматҳои мондагори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот медиҳад. Китобҳои «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» бошад доир ба ҷонбозию фидокориҳои Қаҳрамонони миллат Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур қисса мекунанд.
Чопи китоб, тарғиби он, инак, даҳ сол боз ба як рисолати ҷиддии нашрияи “Ҷумҳурият” табдил ёфтааст.



