Тоҷикистону Узбекистон ду неругоҳи муштараки барқӣ-обӣ бо бо иқтидори лоиҳавии 320 мегаватт бунёд мекунанд. Тибқи созишнома нерӯгоҳи Ёвон бо арзиши тахминии 282 миллион доллар, бо иқтидори 140 мегаватт ва истеҳсоли 700-800 миллион киловатт-соат нерӯи барқ сохта мешавад. Ин нуктаро Манучеҳр Сафарзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ бо рӯзноманигорон зикр намуд.
Бино ба иттилои номбурда, Фондарё, нерӯгоҳи дуюми барқи обӣ бо арзиши тахминии 270 миллион доллар, бо иқтидори 135 мегаватт ва тавлиди 500-600 миллион киловатт соат нерӯи барқ сохта мешавад. Лоиҳаҳо аз ҷониби худи ҷумҳуриҳо ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.
Ба зикри Манучеҳр Сафарзода, ба таъкиди сарони давлатҳо, оғози татбиқи корҳои ҷустуҷӯӣ-асосноккунии техникӣ як қадами устувор дар роҳи таъмиқи ҳамкории ду кишвар дар ин бахши ояндадор хоҳад буд.
“Айни ҳол мутахассисони ҳарду ҷониб барои бунёди неругоҳҳо бо иқтидори умумии 320 МВт марҳилаҳои асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа ва дигар корҳоро ба анҷом расонида истодаанд”,- гуфт Манучеҳр Сафарзода.
Неругоҳҳои муштараки барқии Тоҷикистону Узбекистон бо иқтидори 320 мегаватт бунёд мешаванд

ширкати “Брешно”-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз Тоҷикистон беш аз 33 миллион долларро ташкил медиҳад. Масъулини ин ширкати афғонистонӣ қаблан гуфта буданд, ки дубора ба қудрат расидани ҳаракати “Толибон” ва мушкил дар кори бонкҳо, дасти онҳоро дар пардохти пули барқи Тоҷикистон кутоҳ кардааст.
Бояд гуфт, ки содирот ба Кобул тавассути ду хатти барқ — 110 кВ ва 220 киловат амалӣ карда мешавад. Маҳмадумар Асозода гуфт, ҷониби Афғонистон ваъда додааст, ки то соли оянд қарзи “Барқи тоҷик”-ро пурра пардохт мекунад. Ин ширкати афғонистонӣ пештар ваъда дода буд, ки аз ҳисоби фурӯши амволи мақомдорони ҳукумати пешин, пули барқро ба Тоҷикистон пардохт мекунанд.