Дар нимсолаи аввали соли равон ба ҷумҳурӣ 352,1 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 283,2 млн. доллар бо нархи миёнаи 804 доллар ворид гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 90,4 ҳазор тонна зиёд мебошад. Нархи миёнаи воридотии он дар муқоиса ба моҳҳои январ-июни соли гузашта 247 доллар ё ба андозаи 44,3% зиёд гардидааст. Дар ин бора Сафаралӣ Қурбонзода, муовини якуми директори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Маҳсулоти нафтӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан аз кишварҳои Россия, Озарбойҷон, Туркманистон, Узбекистон ва Белорусия ворид мешавад.
Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки дар соли ҷорӣ аз ҷониби 14 субъекти воридкунанда ба ҷумҳурӣ 183,3 ҳазор тонна гази моеъ ба маблағи 82,8 млн. доллар бо нархи миёнаи 452 доллар барои як тонна ворид карда шудааст. Аз ин ҳисоб 86,6%-и воридот аз Ҷумҳурии Қазоқистон, 7,81% аз Ҷумҳурии Узбекистон, 4,97% аз Федератсияи Россия ва 0,36% аз Ҷумҳурии Туркманистон мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки аз охирҳои моҳи майи соли равон коҳишёбии нархи чаканаи сӯзишворӣ, аз ҷумла бензин, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ дар нуқтаҳои фуруши сӯзишворӣ ба мушоҳида расид, аммо сӯзишвории дизелӣ аз моҳи июли соли равон тамоюл ба болоравиро касб намудааст.
Мирсаиди Хайрулло
Радиои «Овози тоҷик»