Гардиши мол бо давлатҳои хориҷӣ наздик ба маблағи 386,7 млн. доллар ё 28,3% ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Содирот ба миқдори 148, 8 млн. доллар ё 62,0% воридот ба маблағи 237,9 млн. доллар ё 21, 2 % зиёд шудааст. Ин нуктаро имрӯз Каримзода Хуршед Абдураҳмон, Раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ зикр кард.
Бино ба иттилои номбурда, ҳаҷми асосии содироти мол бо давлатхои Қазоқистон 17, 6 %, Хитой 16, 0 %, Туркия 8,2 % , Ӯзбекистон 6,9%, Эрон 4,4%, Белгия 4,0%, Россия 3,2%, Афғонистон 2,8% ва Италия 0,6%- ро ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2022 3 711,7 млн.доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи 790,3 млн. доллари амрикоӣ ё 27,1 фоиз зиёд шудааст. Гардиши мол бо давлатҳои хориҷи наздик 1 751, 4 млн. долларро ташкил дода, ин баробари 47,2% аз гардиши тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ мебошад. Содирот 388,9 млн. долларро ва воридот 1 362,5 млн долларро ташкил додааст.
Маврид ба зикр аст, ки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар самти густариши муносибатҳои байналмилалӣ ва рушди устувори фаъолияти иқтисодии хориҷӣ тақвият бахшида, ҷиҳати ноил шудан ба мақсадҳои асосии мақомоти гумрук тадбирҳои зарурӣ хоҳад андешид.
Дилнозаи Абдумалик
Радиои «Овози тоҷик»