Паҳлавонони тоҷик дар Мусобиқаи «Zagreb Grand Prix 2022» оид ба дзюдо иштирок мекунанд
Аз 15 то 17 июл дар шаҳри Загреби Хорватия Мусобиқаи Zagreb Grand Prix 2022 оид ба дзюдо баргузор мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 8 нафар паҳлавонон муаррифӣ мекунанд. Дар ин бора Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур ширкати 548 варзишгар (315 мард ва 233 зан) аз 71 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60кг), Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг), Шаҳбоз Саидабуроров (-66кг), Алиҷон Сафаралиев (-66кг), Наврӯз Каримзод (-73кг), Шодмон Ризоев (-81кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) ва Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ба ҳайати дастаи мунатахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо шомил мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки варзишгарон имкони касби имтиёзҳои олимпӣ доранд. Барои мақоми аввал — 700 имтиёз, дуюм — 490 имтиёз ва сеюм — 350 имтиёз дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки аз 8 то 10 июл Мусобиқаи байналмилалии дзюдо — «Grand Slam Hungary 2022» баргузор гардид, ки дар он варзишгарони тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода ва Комроншоҳ Устопириён ба гирифтани ҷои ҳафтум шарафёб гардиданд.
Қобили зикр аст, ки дар дуюмин мусобиқаи интихобии олимпӣ 406 варзишгар (244 мард, 162 зан) аз 61 давлат ширкат карданд. Аз ҷумла, аз ҷумҳурии мо 5 нафар – Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) ба Будапешт сафарбар гардида буданд. Варзишгарони мо натавонистанд сазовори медал шаванд, аммо Беҳрӯз ва Комроншоҳ ҷои ҳафтумро гирифтанд.