Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода дар нахустин Форуми роҳбарони минтақаҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки 3-4 август дар Тошканд баргузор мешавад, иштирок мекунад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин муовини Раиси ВМКБ Умедҷон Носирзода ва корманди Кумитаи рушди маҳал Хуршед Каримов шомиланд.
Ҳадафи асосии форум ҷалби таваҷҷуҳи кишварҳои узви СҲШ ба масъалаҳои рушди минбаъдаи сайёҳӣ, фарҳанг ва кишоварзӣ мебошад.
Барномаи форум, ки ду рӯз давом мекунад, ҷаласаи пленарӣ, инчунин се иҷлосияи панелӣ оид ба масоили рушди сайёҳӣ, кишоварзӣ ва ҳамкории фарҳангию гуманитариро дар бар мегирад. Иштирокчиён дар ҷаласаҳои панелӣ ба лоиҳаҳои муштараки технологияи олӣ доир ба истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла дар бахши озуқаворӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва логистикаи нақлиётӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
Форуми роҳбарони минтақаҳо чун арсаи муколама амал намуда, ба кишварҳои минтақа имкон медиҳад, ки самтҳои ояндадори рушди минбаъдаи минтақаро якҷоя ва ҳамаҷониба баррасӣ кунанд.