
Муслимахон Саидова дар мусобиқаи байналхалқӣ, ки дар кишвари Якутия баргузор гардид, аз руйи варзиши намуди мас-рестлинг иштирок намуда, медали биринҷиро соҳиб шуд.
Тавре Хадамоти матбуотии Раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, ӯ ҳарифаш аз Муғилистонро мағлуб намуд. Бо сабаби лат хӯрдан аз ҳарифаш, духтараки русиягӣ шикаст хӯрд, вагарна ӯ талош ба медали тилло дошт.
Муслимахон Саидова, донишҷўйи соли якуми Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Бошқирдистони Федератсияи Руссия мебошад.
Муслимахон Саидова, сокини маҳаллаи Навбаҳори Хуҷанд буда, дастпарвари гимназияи №13-и шаҳри Хуҷанд мебошад. Дар оянда ҳамчун дандонпизишки касбӣ ба Ватан баргашта ба давлату миллаташ хизмат намояд.