10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан Маркази инноватсионӣ ва истеҳсолии “Суғдиён”-ро ифтитоҳ карда, бо шароити он шинос шуданд.
Маркази инноватсионӣ ва истеҳсолии “Суғдиён” дар масоҳати 387 метри мураббаъ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Зафар Умаров бо харҷи 2 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки сохтмони иншоот соли 2015 оғоз гардида, аз 3 ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якум нуқтаи фурӯши компютерҳои муосир, камераҳои мушоҳидавӣ ва маркази омӯзиши барномаҳои компютерӣ ҷой дода шудааст. Дар ин ҷо 6 нафар бо кор ва маоши миёнаи аз 1500 то 1800 сомонӣ таъмин гардиданд.
Дар ошёнаи дуюм аз тарафи соҳибкори ватанӣ Хайрулло Исломов сехи дӯзандагӣ барои истеҳсоли куртаҳои мардона ва бачагона ташкил гардидааст.
Дар коргоҳ 20 адад дастгоҳи дӯзандагӣ ба маблағи 160 ҳазор сомонӣ харидорӣ ва васл карда шудааст.
26 нафар занони маҳаллӣ бо ҷойи нави корӣ ва бо музди миёнаи меҳнат аз 1200 то 1800 сомонӣ таъмин гаштанд.
Аз тарафи соҳибкорон барои кормандони маркази инноватсионӣ дар ошёнаи сеюм ҳуҷраҳои корӣ, ошхона ва маркази истироҳатӣ ташкил гардидааст.
Баъди ифтитоҳи марказ ва шиносоӣ бо шароити кор дар он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон барои ободии як гӯшаи диёр ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ баҳои баланд доданд.