Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин, сардори Шуъбаи демография ва рушди Хазинаи нуфуси аҳолии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (UNFPA) Шарипов Зоиршоҳ, коршиноси байналмилалӣ Петер Довчиак ва кормандони вазорат рӯнамои модели динамикии мувозинати умумии макроиқтисодӣ барои иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ ва баррасӣ гардид.
Тавре радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар оғози ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода З. А. барои ҳамкориҳои судманд ба Хазинаи нуфуси аҳолии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (UNFPA) изҳори миннатдорӣ намуда, қайд карданд, ки дар доираи лоиҳаи «Таҳкими омори демографӣ дар Тоҷикистон» бо мақсади баланд бардоштани иқтидор ва нерӯи кадрии кормандони вазорат дар самти таҳияи босифат ва дақиқи дурнамо, такмили механизмҳои мавҷуда ва истифодаи моделҳои нав ҳангоми таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва омӯзиши барномаҳои мукаммали компютерӣ барои таҳияи моделсозӣ, ба монанди Stata ва Eviews курсҳои кӯтоҳмуддат бо ҷалби коршиносони хориҷӣ гузаронида шуданд.
Инчунин ҷиҳати таҳияи модели динамикии мувозинати умумии макроиқтисодӣ барои таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон коршиноси байналмилалӣ Петер Довчиак ҷалб карда шудааст.
Сипас коршиноси байналмилалӣ Петер Доучак рӯнамои модели динамикии мувозинати умумии макроиқтисодӣ барои иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.
Муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин иброз доштанд, ки модели динамикии мувозинати умумии макроиқтисодӣ тамоми самтҳои иқтисоди ҷумҳуриро фаро гирифта, имконият медиҳад, ки таҳлили ҳамаҷониба ва амиқи равандҳои дар иқтисодиёт рухдода, аз ҷумла таъсири сиёсати андозбандӣ ва танзими нарх ба иқтисоди миллӣ, алоқамандии иқтисодиёт ва динамикаи нишондиҳандаҳои асосии бахши воқеӣ, хонавода, тавозуни пардохт, буҷети давлатӣ, батанзимдарории даромаду хароҷот, омори демографӣ, бахусус шумораи аҳолӣ ва қувваи корӣ гузаронида шуда, дурнамои нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар давраи миёнамуҳлат (1-3 сол) ва дарозмуддат (аз 3 сол зиёд) тасвир ва пешбинӣ карда шавад.
Дар интиҳо муҳтарам Завқизода З. А. барои бозҳам мукаммал намудани модели мазкур ба масъулин тавсияҳои мушаххас доданд.
Дар ин раванд намояндаи Хазинаи нуфуси аҳолии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (UNFPA) суханронӣ намуда, омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда иброз дошт.