Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон Рустам Солӣ бо Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон Иля Дарчиашвили вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
Тавре радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот ба таҳкиму густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Гурҷистон дар чаҳорчӯби бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сиёсӣ, обу энергетика, фарҳангӣ, гуманитарӣ, сайёҳӣ, таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба баргузории машваратҳои сиёсии дарпешистодаи вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон дар сатҳи муовинони вазирон табодули афкор намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масоили тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла алоқаи ҳавоӣ матраҳ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки 8 август дар Тифлис мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон Рустам Солӣ бо муовини Сарвазир – Вазири иқтисод ва рушди устувори Гурҷистон Леван Давиташвили баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, обу энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, фарҳанг, сайёҳӣ, инчунин таҳкими заминаи ҳуқуқӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Гурҷистон табодули афкор намуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин ба мавзӯи баргузории нахустин ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Гурҷистон оид ба масъалаҳои тиҷорату иқтисод, ки имсол дар Тифлис ба нақша гирифта шудааст, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Таъкид шуд, ки ҷаласаи нахустини комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Гурҷистон саҳифаи тозаи равобити тиҷоративу иқтисодии ду кишварро боз мекунад.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масоили тавсеаи соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла алоқаи ҳавоӣ матраҳ шуд.