Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, 12 август ҳайати вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Узбекистон таҳти роҳбарии Раиси ин вилоят Тӯра Боболов ба вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон омад. Ҳайат давоми ду рӯз аз корхонаҳои саноатии вилоят, гармхонаҳои замонавӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихӣ, зиёратгоҳҳо ва заминҳои кишоварзӣ дидан менамояд.
Дар ин рӯз меҳмонон аз Маҷмааи тандурустии «Дӯстии Тоҷикистону Узбекистон», ки дар ноҳияи Қубодиён воқеъ аст, дидан намуданд. Маҷмааи тандурустӣ аз 19 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои қабул ва функсионалӣ, шуъбаҳои бемориҳои ҷарроҳии калонсолон ва кӯдакона, урологӣ ва ғайра иборат мебошад. Барои ташхиси беморон 1 адад томографияи компютерӣ, 2 адад рентгени рақамии статсионарӣ ва 2 адад рентгени рақамии сайёр аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид карда шудаанд.