
Дар соли таҳсили 2021-2022 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино 1874 нафар мутахассисони соҳаи тандурустиро омода карданд, ки аз ин теъдод 356 нафарро хатмкардагон аз ҳисоби донишҷӯёни хориҷӣ ташкил медиҳанд”,-қайд кард зимни суҳбат ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино Маҳмадшо Гулзода.
Бояд гуфт, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино аз зумраи муассисаи олии касбиест, ки шумораи зиёди муҳассилини хориҷиро аз кишварҳои Ҳиндустон, Узбекистон, Қазоқистон ва ғайрҳо фаро мегирад.
Таҳмина АМОНИЁН,
Радиои “Овози тоҷик”