5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия бо баргузории маросими тантанавӣ шоми 18-уми август ба анҷом расид. Хабар медиҳад радиои»Овози тоҷик» дар истинод ба varzishtv.tj.
Вазири ҷавонон ва варзиши Туркия — Меҳмет Муҳаррам Касапоғлу зимни суханронӣ, аз ҷумла гуфт: “Мо хеле шод будем, ки ҳазорон бародари худро дар Туркия пазироӣ кунем. Дар ин чорабиниҳо ҳаргиз мағлуб набуд, бародарӣ ва ваҳдат ғолиб омад. Ҳамаи меҳмонон аз ин шаҳри муҳтарам — Қунияи Туркия бо хотираҳои фаромушнашаванда ба мамлакатҳои худ бармегарданд”.
Шоҳзода Абдулазиз ибни Туркӣ ал-Файсал, раиси Федератсияи байналмилалии варзиши ҳамбастагии исломӣ (ISSF) ва президенти Кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ, ба ҳамаи онҳое, ки барои баргузории бозиҳо саҳм гузоштанд, изҳори сипос кард. Гуфт: “Ҳамбастагӣ номи мост, сулҳ забони мост, мусобиқаи бошараф дар майдонҳои варзишӣ роҳи мост. Ташаккур ба Қуния”.
Сипас, Касапоғлу парчами Федератсияи варзиши ҳамбастагии исломиро ба шоҳзода Абдулазиз ал-Файсал супорид.
Маросими пӯшидашавӣ бо барномаи ҳунарӣ анҷом ёфт.
6-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ соли 2025 дар пойтахти Камерун – шаҳри Йоунде доир хоҳад шуд.
Дар 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ҳайати олимпии Тоҷикистон иборат аз 46 варзишгар аз рӯи 8 намуди варзиш ширкат карда, сазовори 8 медал – 3 нуқра, 5 биринҷӣ – гардид.
Медалҳои нуқраро дар варзиши сабук Илдар Аҳмадиев дар мусобиқаи ҷаҳиш ба дарозӣ, дар пара-тенниси рӯи миз Екатерина Ишенко, дар ҷудо Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг ва медалҳои биринҷиро дар гӯштини юнонӣ-римӣ Асламҷон Азизов дар вазни -55кг, Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни -63кг, дар пара-тенниси рӯи миз Екатерина Ишенко, дар ҷудо Шодмон Ризоев дар вазни -81кг, Абубакри Акобир дар вазни -100кг ва тими ҷудои Тоҷикистон дар сабқати даставӣ сазовор шуданд.
Дар 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аз рӯи ҳисоби медалҳо кишвари мизбон – Туркия ҷои аввалро гирифт. Варзишгарони мизбон сазовори 341 медал (145 тилло, 107 нуқра, 89 биринҷӣ) гардидаанд. Узбекистон бо 51 медали тилло, 42 нуқра, 65 биринҷӣ (158 медал) дар ҷои дуюм, Эрон бо 39 медали тилло, 44 нуқра, 50 биринҷӣ (133 медал) дар ҷои сеюм мавқеъ гирифтанд. Дар даҳгона, ҳамчунин, Озарбойҷон (99), Қазоқистон (89), Марокаш (62), Индонезия (56), Қирғизистон (32), Баҳрайн (23), Алҷазоир (42) ҷой гирифтанд. Умуман, варзишгарони 44 давлат соҳиби медал, аз ҷумла 28 давлат соҳиби медали тилло шуданд.
Тоҷикистон бо 3 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ миёни 54 кишвари иштирокчӣ дар ҷои 29-ум мавқеъ гирифт.
Дар бозиҳои қаблии ҳамбастагии исломӣ Тоҷикистон ҳамагӣ 6 медал – 1 тилло, 1 нуқра, 4 биринҷӣ дошт. Медали тиллоро дар аввалин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ соли 2005 дар Макка Дилшод Назаров дар гурзандозӣ, медали нуқраро дар ҳамин бозиҳо Насҳиддин Ворисов дар таеквондо ва 4 медали биринҷиро соли 2017 дар Боку варзишгарони мо дар варзишҳои зурхонаӣ сазовор гаштаанд.