Аз 3-юм то 8-уми августи соли равон дар шащри Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон рақобат дар сабқати инфиродӣ дар Мусобиқаи 12-уми байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасони то 16-сола барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни писарон ва духтарон доир гардид. Мусобиқа имрӯз дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе ҷамъбаст шуд. Дар ин бора Абдурасул Муҳиддинов, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба теннис, ҳамзамон, директори Мусобиқаи 12-уми байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасони то 16-сола барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Дилнозаи Абдумалик, хабарнигори радиои “Овози тоҷик” иттилоъ дод.
Ба зикри Абдурасул Муҳиддинов, тайи 5 рӯзи рақобат дар сабқати инфиродӣ дар Мусобиқаи 12-уми байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасони то 16-сола барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни писарон ду ҷойи аввалро варзишгарони Тоҷикистон ишғол намуданд. Сомон Амонов сазовори медали тилло ва Фарҳод Ғайратзода сазовори медали нуқра шуданд. Ҷойи сеюм насиби варзишгари Покистон Муҳаммад Алӣ Ризвон Ҳайдар гардид.
Дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз 7 давлат — Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Покистон ва Шветсия иштирок карданд. Мусобиқа ба таври инфиродӣ ва ҷуфтӣ миёни писарону духтарон доир гардид. Миёни духтарон ду ҷойи аввал насиби намояндагони Қазоқистон шуд. Ҷойи аввалро Данаия Амангажиева, ҷойи дуюмро София Сафиулина сазовор шуданд. Медали биринҷиро варзишгари мо Аниса Яҳёева ба даст овард.ъ
Ёдовар мешавем, ки нахустин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005 доир шуда, соли 2021 мусобиқа ба тақвими мусобиқоти Федератсияи байналмилалии теннис ворид гардид.