
Аз 5 то 12 август дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои ҷавонони то 19-сола баргузор мешавад. Панҷ мунтахаб барои унвони беҳтарин тими минтақа мубориза мебарад. Дар ин бора Фдератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои ҷавонони то 19-сола мунтахабҳои Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон ширкат мекунанд.
Дар маҷмуъ, дар доираи чемпионат даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳама вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегарданд.
Тибқи низомнома Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни ҷавонон аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.