Ба ифтихори зодрӯзи академик Муҳаммад Осимӣ имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муаррифии силсилаи пажӯҳишҳои илмӣ сурат гирифт. Дар он олимону муҳаққиқон, коршинос иштирок намуданд.
Тавре хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Шаҳнози Муҳиддин хабар медиҳад, дар маросими рӯнамоӣ олимону муҳаққиқон дар мавриди шахсияти Муҳаммад Осимӣ ва илм, адабиёт, масоили забоншиносӣ, Юнеско, маориф, шарқшиносӣ, истилоҳшиносӣ ва фолклоршиносӣ суханронӣ намуданд.
Дар он олимон дар мавзуъҳои гуногуне чун «Муҳаммад Осимӣ-олим ва ходими давлатӣ», «Адабиёт дар чашмандози илмии Муҳаммад Осимӣ», «Муҳаммад Осимӣ ва берунишиносӣ дар Тоҷикистон», «Муҳаммад Осимӣ ва масоили забоншиносии тоҷик», «Муҳаммад Осимӣ ва ЮНЕСКО», «Муҳаммад Осимӣ-пайвандгари тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон», «Муҳаммад Осимӣ ва маорифи Тоҷикистон», «Муҳаммад Осимӣ ва шарқшиносии тоҷик», «Муҳаммад Осимӣ-истилоҳшинос ва қомуснигор», «Муҳаммад Осимӣ ва омӯзиши масоили фолклоршиносӣ» маърӯза пешниҳод намуданд.
Ҳамоиши мазкурро президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки солҳои раҳбар будани хеш устод Осимӣ дар Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон чораҳо меандешид ва имкон фароҳам меовард, ки мутахассисони илм аз зумраи ашхоси маҳаллӣ камол ёбанд. Ҳеҷ фардеро, ки он солҳо дар Академия фаъолият доштааст, намебинед, ки аз устод Осимӣ фикри манфӣ дошта бошад. Ҳама якмаром аз сатҳи олии инсонгарӣ ва донишмандии шодравон сухан мекунанд. Ҳамаи ин далелҳо нишони онанд, ки академик Муҳаммад Осимӣ дар рушди улум, ба вижа илмҳои табиатшиносӣ нақши муассире гузошта, имкон фароҳам овардааст, ки илми ватанӣ чун қудрат дар қудрат нақшофарин бошад. Пайвасти илму истеҳсолот он солҳо, ки ҳамакнун Шӯравӣ меномем, аз такмил ёфтану тараққии бемайлони илми тоҷик гувоҳӣ медод.
Бояд қайд кард, ки Муҳаммад Осимӣ аз чеҳраҳои матраҳи илми тоҷик буда, 1 сентябри соли 1920 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Донишгоҳи давлатии Самарқандро дар соли 1941 хатм намудааст. Солҳои 1952-1955 дар аспирантураи Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ таҳсил намудааст.
Осимӣ дар симатҳои ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, вазири маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон, раиси Кумитаи назорати ҳизбию давлатӣ, котиби КМ ҲК Тоҷикистон ва ҷонишини раиси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз соли 1965 вазифаи президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон иҷро намудааст. Ҳамзамон солҳои 1991-1996 вазифаи раиси Ҷамъияти Пайвандро бар дӯш дошт.
Ӯ муаллифи беш аз 10 асар ва 250 мақолаи илмӣ буда, таълифоташ масъалаҳои худшиносӣ, тадқиқи паҳлуҳои осори Амир Хусрави Деҳлавӣ, масоили ҳастишиносӣ, аз ҷумла тасвири физикии олам ва муаррифинамоии нақши тоҷикон дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ фарогир мебошанд.
Муҳаммад Осимӣ 29 июли соли 1996 дар шаҳри Душанбе даргузашт.